(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фаъолияти кормандони соҳаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар соли 2013 ҷамбаст гардид.Кормандони соҳаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд имруз ҷаласаи кори худро ба натиҷаҳои соли сипаригашта бахшиданд. Дар маҷлиси мазкур фаъолияти макотиби мусиқию санъат, хонаҳои маданият,мактаби рассомии бачагона ва дигар муассисаҳои фарҳангии шаҳр мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар ҷаласа мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Қосимов баромад намуд. Соли 2013 шаҳри Хуҷанд зиёда аз 100 чорабинии оммавии фарҳангӣ баргузор гашт.

Дар муассисаҳои фарҳангии шаҳри Хуҷанд алҳол 2 нафар дорандаи Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 39 нафар Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар Аъзои иттифоқи рассомони Ҷумҳурии  Тоҷикистон 7 нафар Аъзои академияи мусаввирони Ҷумҳурии  Тоҷикистон  фаъолият доранд.

Соли равон дар дабистони ҳунар 105 нафар толибилмон қабул гардида, 45 нафар онро хатм карданд.

Соли 2013 комиссияи ёдгориҳои таърих аз нав барқарор карда шуда тавассути пешниҳоди онҳо дар соли равон боз 5 объекти таърихӣ ба феҳрист дохил карда шудааст. Харитаи ёдгориҳои таърихӣ-меъмории шаҳри Хуҷанд тартиб дода шудааст.

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Биволида Самадова бобати саҳми арзандаи кормандони соҳаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд сухан гуфта дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримовро доири дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии соли 2014 ба самъи ҳозирон расонд.

Барои фаъолияти пурсамарашон ба чанд нафар кормандони соҳаи фарҳанг ва омузгорони муассисаҳои таълимӣ  нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаи Раиси шаҳри Хуҷанд  бо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.