(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Оғози фаъолияти коргоҳи дузандагӣ бо 100 ҷойи корӣ.Имруз иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, баъди шиносои бо вазъи бозори «Панҷшанбе» дар расми оғози фаъолияти сехи дузандагии соҳибкори инфиродӣ Фируза Абдуллоева ширкат намуданд. Сехи дузандагии мазкур барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ ва варзишӣ пешбинӣ шуда, иқтидори ҳармоҳинаи он зиёда аз ду ҳазор маҷмӯъ чунин либосҳо мебошад. Барои бунёди коргоҳи мазкур зиёда аз сад ҳазор доллари ИМА масраф шуда, музди миёнаи маоши кормандон 800-850 сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар коргоҳи мазкур 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардида, то охири соли равон баробари зиёд гаштани иқтидори сехи мазкур шароити бо ҷойи кории иловагӣ таъмин намудани ҷавондухтарону занони маҳаллӣ пайдо хоҳад шуд.

Барои дӯхтани либосҳо дар коргоҳи мазкур матои истеҳсоли маҳаллӣ истифода бурда мешавад, ки нархи он то 170 сомониро ташкил хоҳад дод.