(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Вохурии навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар маҳаллаи «Тути калон»  баргузор гардид. Ин силсилавохуриҳо дар доираи дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сурат мегирад. Дар вохурии Раиси шаҳри Хуҷанд  наздик 300  нафар cокинони  маҳаллаи «Тути калон» иштирок доштанд. Арзу шикояти онҳо асосан масъалаҳои иҷтимоиро дар бар гирифта буд. Дар маҳаллаи «Тути Калон» 27 куча мавҷуд аст.  Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов зикр намуд,ки дар идомаи сиёсати ободкоронаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон   аз моҳи апрел асфалткунии роҳҳои ин маҳалла огоз мешавад, тибқи супориши Раҷаббой Каримов  роҳҳо  таъмири капиталӣ карда мешаванд. Дар баромади худ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ниятқул Ҳаётов иброз намуд, ки саҳми маҳалла ва иштироки фаъолноаи  сокинон дар самти паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон, корҳои ободонӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ муҳим аст. Зеро ҳар кору амале, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сурат мегирад, барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Дар маҷмуъ  17 нафар сокинони маҳалла бо масалаҳои гуногун ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  муроҷиат намуданд.  Масъулини дахлдор вобаста ба ҳалли мушкилоти мардум супоишҳои мушаххас гирифтанд. Ёдовар мешаваем, ки  чунин вохуриҳо бо навбат дар тамоми маҳаллаҳри шаҳри Хуҷанд рузҳои сешанбе ва ҷумъа  баргузор мегардад.