(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳамкории судманд вусъати тоза мегирадРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо рохбари намояндагии Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо дар Тоҷикистон Ульф Хинд Стромро қабул намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳи ин муассисаи бонуфузи маблағгузорӣ сипосмандӣ намуда,зикр намуд,ки бо истифода аз таҷриба хубу нек ҳамкории мибаъда бояд сатҳ ва марҳилаи тозаеро  касб намояд. Аз ҷониби меҳмонон  ҳавасмандии худро бо ин мавкеъ изҳор намуда, қайд намуданд,ки онҳо омодаи ба ин сатҳ баровардани  ҳамкорӣ ҳастанд. Ҳоло марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмин ва беҳтар намудани сифати  оби нушокии шаҳри Хуҷанд дар марҳилаи анҷомёбӣ буда марҳилаи сеюми он соли оянда шуруъ хоҳад шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  чанд лоиҳаи инвестсиониро барои баррасии Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо пешниход намуд,ки аз ҷониби роҳбарияти намояндагӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳайати меҳмонон китоби хотиравии «Хуҷанд»-ро чун рамзи ёдоварии ҳамешагӣ аз ин шаҳри қадиму  ҳамешаҷавон супорид.