(4 голоса, среднее 4.25 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Иди Парчами Давлатӣ дар шаҳри ХуҷандДар майдони ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят имруз ҳамоиши идона ва консерти ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид. Дар оғоз ин танатана Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  хозирон ва кули шаҳрвандонро бо Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

«Дар таърихи башарият ливо, парчам, дирафш аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода бурда мешуд. Парчамдорию парчамбардорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз пеш аз замони Сосониён, баъд аз он, ки Коваи оҳангар пешдомани худро байрақ карда, ба муқобили душманон хест, ба расмият ворид шуд. Дар ин бора дар асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагист аз муборизаи Кова ба муқобили Заҳҳоки хунхор ҳикоя карда мешавад.

Аз он замон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлату давлатдорӣ байни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор гирифтааст.

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, забони давлатӣ ва пойтахти худ – шаҳри ҳамешасабзу ҷавон – Душанбе аст, ки гиромидошту эҳтироми он барои ҳар як сокини кишвар қарзу фарз аст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-ноябр эълон шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш, ки баргузории он метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.

Чи хеле, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо мебошад»,қайд намуд дар баромади худ Раиси шаҳри Хуҷанд.

Консерти ҳунармандони шинохта ба руҳияи ин тантана шукуҳи тоза бахшид.