(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд сафири Ҷумҳурии Ҷопонро қабул намудРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов Сафири Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаширо ба ҳузур пазируфт. Раиси шаҳри Хуҷанд аз сатҳи ҳамкории Сафорати кишвари Ҷопон бо ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд изҳори қаноатмандӣ намуд. Зеро то имруз дар муассисаҳои талимӣ ,тандурустӣ ва муассисаҳои таъмини оби нушокӣ 9 лоиҳаҳои мухталиф амалӣ гаштааст.

Ҳироюки Имаҳаши қайд намуд,ки ҳоло 20 ширкатҳои мухталифи кишвараш дар мамалакатҳои Осиёи  Марказӣ лоиҳаҳои инвестсионӣ доранд. У ҳавасмандии худро доири ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти маркази вилоят изҳор намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов омодагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро бобати ба имзо расондани созишномаи бародарӣ бо яке аз шаҳрҳои давлати Ҷопон зикр кард.