(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ифтихорномаи  Раиси шаҳри Хуҷанд ба пешқадамони шаҳри ХуҷандБа муносибати  ҷашни Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  79 нафар пешқадамони соҳа мухталифи маркази вилоятро  ба ҳузур пазируфта онҳоро  бо Ифтихорнома сарфароз гардонид.

Ба ин қадрдонӣ 6 нафар хизматчиёни давлатӣ, 13 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, 7 нафар маорифчиён, 5 нафар сохтумончиён, 2 нафар кормандони саноат, 10  кормандони соҳаи фарҳанг ва  дигарон сарфароз гардиданд.   Башоратхон Назарова,сармутахассиси Шуъбаи  хонаи  ақди никоҳи шаҳр, Мунира Ёқубова директори Маркази таҳсилот иловагии шаҳр, раиси  Кумитаи маҳаллаи   «Сари санг» Махсум Бобоев, Бахтиёр Қосимов мудири Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва чанде дигарон барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои назаррас  дар соли ҷорӣ  аз қабили нафароне буданд, ки ба ин мукофот сазовор дониста шуданд.

Ифтихорномаи  Раиси шаҳри Хуҷанд ба пешқадамони шаҳри ХуҷандИфтихорномаи  Раиси шаҳри Хуҷанд ба пешқадамони шаҳри ХуҷандРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  ҳамаи ширкатдорони ин тантанаро самимона бо ҷашни бузурги миллат табрик гуфта,  барои саҳми арзандаашон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд  изҳори сипос намуд.