(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рушди фаъолияти волонтёрӣДар гимназияи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мулоқот дар мавзуи "Роҳҳои рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"  баҳри ҷоннок намудани соҳаи волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, омузгори чавони гимназияи мазкур, раиси созмони чавонон Фаридун Муҳсинзода ва бо чалби зиёда аз 150 нафар толибилмони ин даргохи маърифат иштирок доштанд.
Тавре зикр карда шуд, мақсади асосии ташкили ин мулоқоти мазкур ҷалби ҷавонону наврасон ба соҳаи волонтёрӣ, фаҳмонидани моҳияти фаъолияти волонтёрӣ ва рушди ин навъи фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват ба амал овардани ҷавонон ва саҳм гузоштани онҳо дар пешрафт, ободонӣ ва корҳои хайрхоҳӣ дар ҷомеа мебошад. Дар рафти мулоқот таълимгирандагони гимназия хеле фаъолнокӣ зоҳир намуда,  дар баҳсу мунозираҳо оиди рушди фаъолияти волонтёрӣ иштирок карда, пешниҳодоту ташаббусҳои худро баҳри боз ҳам  тақвият додан ва пешбурди ин соҳа дар мамлакат ибрози андеша намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд