(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷоми мусобиқа насиби «МИҲД» шуд

Дирӯз дар варзишгоҳи "Спартак"- и шаҳр даври ниҳоии мусобиқа оид ба футболи хурд байни корхона ва муассисаҳои давлатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба соли 2017 "Соли ҷавонон" ва таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд, ки  аз санаи 7 сентябри соли равон оғоз гардида буд, бо ҳузури бевоситаи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баргузор гардид.
Бозии ниҳоӣ байни дастаи "МИҲД» (Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд) ва "Мактаби варзишии №2"- и шаҳр сурат гирифт. Ҳисобро дар қисмати дуюми бозӣ Асрорхӯҷа Шарипов, сармутахасиси шуъбаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, капитани дастаи «МИҲД» кушода, ғолибияти дастаашро то охири бозӣ таъмин намуд.
Дар натиҷа дастаи "МИҲД - и шаҳри Хуҷанд" ҷои якум, дастаи "Мактаби варзишии рақами 2" ҷои дуюм ва дастаи "Хуҷандобуканал" ҷои сеюмро ишғол намуданд. Ба ғолибон ва бозингарони беҳтарин аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Ҷоми мусобиқа, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи мазкур 10 даста дар ду гурӯҳ байни ҳам қувваозмоӣ намуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол байни 16 дастаи корхонаи хусусии шаҳр дар маҳаллаи «Раззоқ» мусобиқаи хурди футбол ҷараён дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд