(0 овоз, миёна 0 аз 5)

22-юми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад

Санаи 22-юми сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба тавсиб расид.
Тибқи қарори мазкур шуъбаҳои ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳҳии дастгоҳи Раиси шаҳр вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати тарғиби мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии ниёгон, ғояҳои инсондӯстии назми устод Абӯабуллоҳ Рӯдакӣ дар муассисаҳои таълимию корхонаҳо соатҳои тарбиявӣ, мулоқоту вохӯриҳои адибон, ходимони илму фарҳанг ва базми шеъру суруд доир намоянд.
Интизорӣ меравад, ки чорабинии илмию фарҳангӣ санаи 22 –юми сентябр назди пайкараи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд