(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ғолибияти Музамбила Тӯхтаева дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин»Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд озмуни «Кадбонуи беҳтарин»-ро бахшида ба 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли ҷавонон» дар чойхонаи «Сирдарё» бо иштироки занони барӯманду фаъоли шаҳр баргузор намуд.
Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳадафи озмун баҳри бардоштани бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаҳо ва ҳунарҳои миллии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таҳкими анъанаҳои оиладорӣ, ва тарғиби таомҳои миллӣ, фарҳанги моддӣ ва рӯзғордории халқи тоҷик, ки ифтихор аз гузаштагон ба ҳисоб меравад ва ба ҳамин маъно бахшидани зебоӣ ба ҳаёти ҷавонзанону духтарон унвон намуд. Ва иттилоъ дод, ки даври аввали озмун дар ҳудуди кумитаи  маҳаллаҳои шаҳр  баргузор гардид, ки 22 нафар занону ҷавондухтарон аз кумитаи маҳаллаҳо  қувваозмоӣ намуда, 15 нафар беҳтаринҳо  ба даври озмуни шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд.
Сипас, озмун аз рӯи чор шарт гузаронида шуд; 1. тайёр кардани як намуди хӯроки миллӣ; 2. риояи одоби меҳмондорӣ; 3. фоиданокии таом ба саломатӣ ва таъми он; 4. - муаррифӣ карда тавонистани таом аз лиҳози каломи бадеии шоирони гузашта.
Аз рӯи ҷамъбасти озмун, беҳтаринҳо муайян гардиданд. Ва ҳамин тавр ҷойи  аввал насиби Музамбила Тӯхтаева аз маҳаллаи «Хуҷанд», ҷойи дуюм Аниса Ғаффорова аз маҳаллаи «Тиллокон» ва ҷойи сеюм Нигина Ваҳҳобова аз маҳаллаи «Раззоқ» гардид.
Раъно Ҳошимзода,муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ғолибонро муборакбод намуда, ба онҳо «Шаҳоднома»-и озмун, сипоснома, гулдастаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳрро супорид.
Барномаи консертӣ бо иштироки сарояндаҳои хушовоз ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд