(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдати Раиси шаҳри Хуҷанд дар арафаи Иди Фитр ва Ваҳдати миллӣДар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Фитр ва 20 солагии Ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 10 нафар собиқадорони меҳнат, ки дар қатори онҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони имконяташон маҳдуд ва эҳтиёҷманд низ буданд, аёдат намуд.
Аз рӯи анъанаи нек Маъруф Муҳаммадзода нахуст ба дидорбинии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова омад. Ин зани қаҳрамон барои эътибору таваҷҷӯҳ ва ғамхории доимӣ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипосмандӣ намуда, иброз намуд, ки новобаста аз вазъи саломатию бознишастагии худ аз дастовардҳои шаҳру кишвар огоҳ аст. Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд ба манзили собиқадори меҳнат Махфират Дадобоева, Георгий Крушин, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Робича Малинина, ва модаркалони 4 нафар ятим, ки баъди аз волидайн маҳрум гаштан дар парастории модаркалонашон Мадина Шарипова қарор доранд рафта баробари аёдату табрикот кӯмаки яквақтаи моддӣ расонд.