(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри ХуҷандДар интиҳои ҳафтаи гузашта дар варзишгоҳи «Спартак» Рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо баргузории намоиши пуршукӯҳи идона ва чорабинии фарҳангӣ бо иштироки бештар аз 8 ҳазор ҷавонону наврасон, фаъолони шаҳр, аҳли ҷамоатчигии маркази вилоят таҷлил гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии он муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ  табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ҳозирон расонд. Дар навбати худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баромад намуда, тамоми ҷавонон ва аҳли ширкаткунандагони ин ҳамоиши ҷавонию зебоиро бо Рӯзи ҷавонон самимона табрик намуд.
Баъдан дар лаҳзаи тантанавӣ  ба ғолибони фестивал-озмуни «Хурӯши ҷавонӣ», ки ба Соли ҷавонон, 20 солагии «Рӯзи ваҳдати миллӣ» бахшида шуда буд Ҷом, Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравиро Назира Ғаффорӣ ва Маъруф Муҳаммадзода супориданд. Аз рӯи натиҷаи иштирок дар шартҳои мувофиқи Низомномаи ин озмуни ҷавонону наврасон пешбинӣ гашта, байни муассисаҳои таълимии олӣ Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад, литсеи физикӣ-математикии ба номи М. Осимӣ ғолиб дониста шуда, мақоми аввалро соҳиб гаштанд. Дар қисмат барномаи фарҳангӣ ба ҳозирон барномаи консертии ҳунармандони вилоят ва овозхони шинохтаю маҳбуби ҷавонон Парвиз Назаров пешкаш карда шуд.