(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯзи Аҷам-иди бостонии мардуми ориёӣДар гимназияи №4 бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам бо иштироки толибилмон ва омӯзгорони ҷавон дар мавзӯи «Наврӯзи Аҷам-иди бостонии мардуми ориёӣ» конфронси илмию адабӣ баргузор гардид. Директори гимназия Зулфия Ашурова конфронсро ифтитоҳ намуд, аҳли нишаст ва меҳмононро хайрамаыдам гуфта, онҳоро ба ҷашни фархундаи Наврӯзи фархундапай табрику таҳният намуд.
Дар ҳузури толибилмону устодони гимназия номзади илми таърих С. Эркаев ва номзади улуми филологӣ М. Умаралиева суханронӣ намуда, дар бораи таърих ва суннатҳои ҷашни аҷдодии тоҷикон – Наврӯз маъулумот доданд.
Дар ҳузури иштирокчиёни конфронс бо барномаи рангини адабию фарҳангӣ толибилмони гимназия баромад карда, хотири аҳли нишастро болида гардонданд.