(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр аз фаъолияти солонаи худ натиҷагирӣ намуд.Имрӯз маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони мактабҳои варзишӣ, мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳои олӣ, миёнаи махсус, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, волонтёрони назди бахш баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбасти Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Бобозода Толиб Карим иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи маҷлис фаъолияти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр натиҷагири карда шуда, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов назди ҳозирин ҳисобот дод.
Аз ҷумла зикр гардид,ки давоми соли гузашта баҳри ташаккули маърифати маънавию сиёсц ва беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, рушди имконоти иҷтимоц, рушди саломатц, дастгирии эҷодиёти ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд беш аз 110 маротиба  чорабиниҳои маънавц-фарҳангц сатҳи гуногун баргузор гашта дар он наздик 90 ҳазор ҷавонон ширкати фаъолона намуданд. Ҳамзамон варзишгарони шаҳри Хуҷанд соли 2016 дар мусобиқаҳою чемпионатҳои ҷумҳурияви иштирок намуда, 262 адад медали тилло, 239 адад медали нуқра ва 234 адад медали биринҷц ба даст оварданд.
Сипас директорони мактабҳои варзишӣ № 1 Ҳомидов Хуршед, директори мактаби варзишии намудҳои гӯштин Иброҳимов Ином, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони донишкадаи политехникиии Донишгоҳи давлатии техники Тоҷикистон Масаидов Ҷамшедҷон ба  музокира баромада доири фаъолияти  соҳаҳои номбурда изҳори назар намуданд.
Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Бобозода Толиб Карим доири иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз вобаста ба эълон гаштани соли 2017 чун соли ҷавонон ва фаъолияти сохторҳои зертобеи Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ вазифагузорӣ намуд.
Сипас иштирокдорони ҷаласаи ҷамбастӣ аз номи ҷавонони шаҳри Хуҷанд вобаста ба эълон гаштани соли 2017 «Соли ҷавонон» муроҷиатнома қабул намуданд.
Дар фарҷоми маҷлис ба 20 нафар кормандони зерсохтори бахш аз ҷумла ба мураббиён, мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳи, меҳмонхонаҳо барои иштирок дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар соли 2016 бо ифтихорнома ва сипосномаҳои бахш супорида шуд.