(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар кӯдакистони хусусии «Дилоро» бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» бо назардошти Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрии «Корҳои беҳтарини мураббиён аз фаъолияти мусавварӣ» таҳти унвони «Касби ман - ифтихори ман» баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани малака ва маҳорати касбӣ, тарбияи зебоипарастӣ, афзун гардонидани зебоиҳо дар ҳаёт, инкишоф додани қобилияти эҷодкории мураббияҳо мебошад. Шартҳои озмун иборат аз маҳорати зебоипарастӣ, истифодаи дурусти маводҳо, мувофиқати тасвир бо мавзуъ ва муаррифиии асари пешниҳодшуда буд, ки иштирокчиён бо маҳорату истеъдоди баланд ҳунари хешро намоиш доданд. Дар озмун 33 нафар мураббиёни муассисаҳои томактабии шаҳр ширкат варзиданд ва ҳайати ҳакамон ба корҳои пешниҳоднамудаи онҳо дар мавзӯи «Тулӯи хуршед» баҳои воқеӣ ва арзанда дода, ғолибонро муайян намуданд. Дар натиҷа ҷойи аввал насиби мураббияи кӯдакистони №12 Гулнора Обидова гардид. Шоҳҷоизаи озмунро мураббияи МТТ №18 Масъуда Иброҳимова ба даст овард. Ҷойи дуввум насиби Назира Набиева аз МТТ №19 ва Дилнора Умарова аз кӯдакистони хусусии «Дилоро» гашт. Ба мақоми сеюм мураббияҳо М. Ғайратова (МТТ №25), М. Шарифова (МТТ№36), Ф. Акрамова (МТТ№20) ва Н. Юлдошева (кӯдакистони хусусии «Гулноз») мушарраф гаштанд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Лозим ба таъкид аст, ки тарбиятгирандагони кӯдакистони хусусии «Дилоро» бо барномаи рангин, қироати шеърҳо васфи Пешвои миллат, Парчами миллӣ, Тоҷикистон ва суруду рақсҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида гардонданд.Дар кӯдакистони хусусии «Дилоро» бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» бо назардошти Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрии «Корҳои беҳтарини мураббиён аз фаъолияти мусавварӣ» таҳти унвони «Касби ман - ифтихори ман» баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани малака ва маҳорати касбӣ, тарбияи зебоипарастӣ, афзун гардонидани зебоиҳо дар ҳаёт, инкишоф додани қобилияти эҷодкории мураббияҳо мебошад. Шартҳои озмун иборат аз маҳорати зебоипарастӣ, истифодаи дурусти маводҳо, мувофиқати тасвир бо мавзуъ ва муаррифиии асари пешниҳодшуда буд, ки иштирокчиён бо маҳорату истеъдоди баланд ҳунари хешро намоиш доданд. Дар озмун 33 нафар мураббиёни муассисаҳои томактабии шаҳр ширкат варзиданд ва ҳайати ҳакамон ба корҳои пешниҳоднамудаи онҳо дар мавзӯи «Тулӯи хуршед» баҳои воқеӣ ва арзанда дода, ғолибонро муайян намуданд.
Дар натиҷа ҷойи аввал насиби мураббияи кӯдакистони №12 Гулнора Обидова гардид. Шоҳҷоизаи озмунро мураббияи МТТ №18 Масъуда Иброҳимова ба даст овард. Ҷойи дуввум насиби Назира Набиева аз МТТ №19 ва Дилнора Умарова аз кӯдакистони хусусии «Дилоро» гашт. Ба мақоми сеюм мураббияҳо М. Ғайратова (МТТ №25), М. Шарифова (МТТ№36), Ф. Акрамова (МТТ№20) ва Н. Юлдошева (кӯдакистони хусусии «Гулноз») мушарраф гаштанд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки тарбиятгирандагони кӯдакистони хусусии «Дилоро» бо барномаи рангин, қироати шеърҳо васфи Пешвои миллат, Парчами миллӣ, Тоҷикистон ва суруду рақсҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида гардонданд.