(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шарифзода Шариф Файз бо сокинони маҳаллаи «Бофанда» мулоқот намуд.Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо сокинон баргузор гардид.
Ин навбат Раиси шаҳри Хуҷанд дар мактаби таҳсилоти умумии №2 бо сокинони маҳаллаи «Бофанда» мулоқот доир намуд.
Дар қисмати муқаддимавии чорабинӣ Шарифзода Шариф Файз аз дастовардҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давраи нимсолаи авали соли равон ба ҳозирон маълумоти мухтасар дода, зикр намуд, ки мардуми шаҳр дар баробари кулли сокиноникишвари азизамон ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ 25 солагии Истиколияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба мебинанд. altДар ин замина мавсуф доири чанд масъалаҳое ки бояд сокинони  ин маҳалла дар самти корҳои ободонӣ ва сабзкорию гулзор намудани маҳалла, иштироки фаъолонаи сокинон дар ин амалҳои неку хайр ба анҷом расонанд, таъкид намуд. Аз ҷумла таъмиру ба истифода додани майдончаҳои варзишии назди биноҳои баландошёна, азнавсозии ҷӯйборҳои роҳҳои асосии ҳудуди маҳалла, таъмиру азнавсозии қисми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи ба Аминҷон Шукӯҳӣ то таҷлили ин ҷашн ба масъулин ва фаоъолону кумитаи маҳалла вазифагузорӣ гардид.
Дар идомаи мулоқоти мазкур 4 нафар бошандагони маҳалла доири мусоидати мақомоти маҳаллӣ барои таъмири кӯчаи маҳалла ва таъмири майдончаи варзишӣ инчунин муаммои шиддати пасти неруи барқ дар манзили сокинон дархост пешниҳод намуданд.