(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Таҷлили иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣИмрӯз баъди зӯҳд дар маҷлисгоҳи МИҲД шаҳр ба муносибати иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва  пешқадамони истеҳсолоти соҳа баргузор шуд.
Ҳозиринро бо иди касбиашон аз номи МИҲД шаҳр муовини якуми Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло муборакбод гуфт. Вай ба самъи иштирокдорони ҷамъомад номаи муборакбодии Раиси шаҳр Шариф Шарифзодаро ба муносибати фарорасии Рӯзи кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани диёрамон, таъмини беҳбуди рӯзгори мардум ва болида сохтани руҳияи онҳо ба сатҳу сифати хизматрасонии кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ вобастагии калон дорад. Маҳз ба шарофати хизматҳои назарраси кормандони соҳа шаҳри азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад». Таҷлили иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣҒайбуллозода Хайрулло дар вазъияти тантанавӣ ба 22 нафар пешқадамони истеҳсолот аз ҷумла, барқчии қитъаи чароғонкунии КВДК «СОХМК»-и шаҳр Музаффар Каримов, челонгари қитъаи фаввораҳои КВДК «СОХМК» Турсунбой Ӯлмасов, сардори шабакаи обтаъминкунии КВДК «Хуҷандобуканал» Алиҷон Обидов, таъминотчии КВДК «ХНС шаҳри Хуҷанд» Наимҷон Ҳоҷиматов, танзимгари КД «Истифодабарии манзил»-и соҳили чапи шаҳр Ҳасан Темуров, ҳавалирӯби КД «Истифодабарии манзили соҳили рост» Мавзуна Норматова, коргари КД «Истифодабарии роҳҳо» Намоз Яров, партовбардори КВДК «ХНС шаҳри Хуҷанд» Ашраф Исломов ва дигарон Ифтихорномаи МИҲД шаҳри Хуҷандро тақдим намуд.
Намояндагони соҳа барои чунин қадршиносӣ ба роҳбарияти МИҲД шаҳр арзи сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ вазифаи хизматиашонро софдилона иҷро намуда, ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тӯҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол хоҳанд гирифт.