(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода тибқи ҷадвали кории МИҲД шаҳр сокинонро бо арзу дархостҳояшон қабул кард, ки дар он муовинони Раис, сардорони шӯъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои алоҳидаи МИҲД шаҳр иштирок доштанд.
Тавре аз рӯи маълумоти пешниҳоднамудаи шӯъбаи умумии Дастгоҳи Раиси шаҳр бармеояд, имрӯз бо арзу дархости худ ба Раиси шаҳр Шариф Шарифзода 35 нафар бошандагони минтақаҳои гуногуни шаҳр муроҷиат карданд. Мӯҳтавои муроҷиати сокинонро асосан кӯмаки моддию молиявӣ ташкил медод. Ҳамчунин бошандагон бо масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, беҳтар намудани шароити манзил, ҷойгир шудан ба хобгоҳ, кӯмак кардан дар сохтмони манзили истиқоматӣ, таъмири манзил, ҷойгир кардани фарзандон ба боғчаи бачагона, таъсиси ташкилоти ҷамъиятӣ ва ғайра муроҷиат карданд. Аз имрӯза қабули шаҳрвандон маълум гардид, ки иддае на танҳо бо арзу дархости шахсии худ, балки масъалаи ҷамъиятӣ низ муроҷиат карда, мехоҳанд, ки он ҳаллу фасл шавад. Масалан, муроҷиати гурӯҳи шаҳрвандон оид ба кашидани хатти барқу об ба маҳаллаҳои навбунёди 1-ум ва 2-юм буд. Ин навбат низ бо арзу дархости худ ба роҳбарияти МИҲД шаҳр бархе аз сокинони ноҳияи ҳамсояи Б.Ғафуров муроҷиат карданд, ки ба онҳо роҳи ҳаллли қонунии масъалаҳояшон фаҳмонида шуд.
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ба арзу дархости кулли муроҷиаткунандагон гӯш андохта, масъулонро муаззаф намуд, то ки нисбати ҳалли он чораҷӯӣ намоянд. Нисбати бархе аз масъалаҳо бошад, роҳи ҳаллашро ба шахси муроҷиаткунанда маслиҳат дод.