(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мулоқоти навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо сокинонРузи гузашта, баъди зӯҳд мулоқоти навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо аҳолии шаҳр дар маҷлисгоҳи МТМУ №6 бо сокинони кумитаи маҳаллаи «Хуҷанд» баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳайати кумитаи маҳаллаи Хуҷанд кӯҳантарин маҳаллаҳои шаҳр дохил мешаванд.
Мулоқотро Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи маъракаи қарибулвуқӯъи сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳарф зада гуфт, ки дар ин чорабинӣ мардуми шаҳр фаъолона иштирок карданд ва мавқеи худро нисбати ворид намудани тағйироту иловаҳо муайян намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки анқариб кулли иштироккунандагони раъйпурсӣ бо дарки муҳимияти масъала ба ҷонибдории ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи кишвар овоз доданд. Мулоқоти навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо сокинон Ин гувоҳи он аст, ки сокинони маркази маъмурии вилоят чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи навини ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба тақдири минбаъдаи халқу Ватани хеш бетараф нестанд. Онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд.
Баъдан Шариф Шарифзода оид ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон,  вазъи сиёсии ҷаҳон, мушкилоту муаммоҳои глобалии сайёра- афзудани экстремизму терроризм, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, дур шудан аз фарҳанги либоспӯшии миллӣ, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Танзиму расму оинҳо ва маросимҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.
Аз баромади як қатор иштироккунандагони мулоқот маълум гардид, ки муаммову мушкилоти асосии бошандагони ин минтақаи шаҳр- набудани ҷӯйбору обравҳо, ки рӯзҳои боронӣ дар баъзе кӯчаҳо об ҷамъ шуда на танҳо ҳаракати одамон балки нақлиёт низ сахт душвор мешавад. Вазнинтар аз ҳама, дар рӯзҳои борони шадид оби ҷамъшуда гоҳо ба ҳавлиҳои одамон низ медарояд, ки аз он биноҳои истиқоматӣ заҳ мекашанд. Таклиф шуд, ки аз кӯчаҳои маҳалла хатти ташноб гузаронида шавад. Вале, масъулони КВД «Хуҷандобуканал» гуфтанд, ки ҳалли ин масъала сахт душвор буда, хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Роҳи ягонаи халосӣ барқарор кардани ҷӯйборҳои қаблан амалкунанда аст, ки аз рӯи бемасъулиятии бархе аз сокинон бо ҳар баҳона ҷӯйҳо махкам карда шудаанд.
Дар мулоқот иддае аз сокинон оид ба дигар масоили ҳалталаби рӯзгори бошандагон ба Раиси шаҳр арз карданд.
Баъди ҷамъбасти мулоқот Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода чанде аз сокинони маҳаллаи номбурдаро бо масъалаҳои шахсиашон қабул кард ва ба арзи онҳо гӯш андохт. Бобати ҳалли масъалаҳои муроҷиатшуда шахсони масъул муаззаф гардиданд.