(2 голоса, среднее 4.50 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Муаррифии муовинони навБегоҳи имрӯз ҷаласаи фаврии назди Раиси шаҳр бо иштироки фаъолону рохбарони сохторҳои МИҲД шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳр Шариф Шарифзода баргузор гардид. Дар он муовионони навтаъини Раиси шаҳр муаррифӣ шуданд.
Шариф Шарифзода ба самъи ҳозирон расонд, ки бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси шаҳр  Ғайбуллозода Хайрулло муовини якуми Раис ва Солизода Абдураҳим Рашидӣ муовини Раиси шаҳр таъин гардиданд.
Раиси шаҳр зимни муаррифии муовинони нави худ аз ҳолномаи онҳо ҳозиринро хабардор кард. Муовини якуми Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло зодаи шаҳри Хуҷанд буда, дастпарвари Донишгоҳи техникии ин шаҳр мебошад. Ихтисосаш муҳандис-технологи матоъҳост. Ҳамзамон ӯ дертар факултаи ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ-ро низ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиаш дар соҳаи саноати сабук асосан дар КМ»Ҷавонӣ» сипарӣ шуда, аз ёрдамчии усто то ба дараҷаи директории генералии ин коргоҳ расида таи 5 сол сарварии коргоҳро ба ӯҳда дошт. Ӯ минбаъд соҳаи иқтисодиётро роҳбарӣ мекунад.
Муовини раиси шаҳр  Солизода Абдураҳим Рашидӣ бошад, дастпарвари Донишкадаи полиграфии шаҳри Львови Ҷумҳурии Украина мебошад. Ихтисосаш муҳандиси корхонаҳои полиграфӣ. Фаъолияти меҳнатишро дар матбааи №1 шаҳри Хуҷанд охири солҳои 80-ум оғоз намудааст.  То ибтидои солҳои 2000-ум як муддат дар сохторхои қудратӣ низ кор карда, баъдан ба шӯъбаи саноати МИҲД шаҳр ба кор мепардозад. Оғоз аз соли 2008 инҷониб сарварии шӯъбаи зикршударо ба ӯҳда дошт.Муаррифии муовинони нав
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода зимни муаррифии муовинони нави худ изҳори боварӣ намуд, ки ҳарду бо истифода аз таҷрибаи бои кори роҳбариашон дар пешбурди соҳаҳои худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва сазовори боварӣ фаъолияташонро ба роҳ мемонанд.
Бо ҳамин ҷаласаи фаврии назди Раиси шаҳр ба охир расид.