(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Озмун: Орифахон – Маликаи сол-2013Бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар театри давлатии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров  озмуни «Маликаи сол-2013» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд ширкат карданд.

Довталабон аз рӯи шартҳои: намоиши либоси миллӣ ва шиносоӣ, намоиши либоси ҳаррӯза, изҳори муҳаббат ба модар ё ба падар ё ба устод ё ба ошиқ ва ё ба Ватан, намоиши либоси ҷашнӣ, ҳунарнамоӣ дар ҷодаи санъат ва намоиши либоси базмӣ–арӯсӣ донишу маҳорат ва истеъдоди хешро нишон доданд.

Ҳакамон ба маҳорат ва ҳунари иштирокдорони озмун Фиребо Қаҳҳорова, Орифахон Абдуҷабборова, Назирахон Нарзиева, Дилноза Тоҷибоева, Шукрона Мирзоева ва Шаҳноза Ваҳҳобова баҳоҳои сазовор доданд.

Озмун: Орифахон – Маликаи сол-2013Бо назардошти иҷрои моҳиронаи шартҳо ҳакамон ҷойи аввалро ба  донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров Орифахон Абдуҷабборова муносиб ва унвони «Маликаи сол-2013»-ро ба ӯ насиб донист.

Фиребо «Афрӯзандаи дилҳо», Назирахон «Бонуи ишқ», Дилноза «Бонуи хиромон», Шаҳноза «Ҳуснорои ҳунар», Шукрона «Бонуи мавзун» унвон гирифтанд.

Fолибони озмун бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.

Сарвари ҳакамон, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Муҳайёхон Дадобоева озмунро ҷамъбаст кард ва ғолибонро самимона табрик гуфт.