(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Табрики Раиси шаҳр ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконҲамдиёрони гиромӣ!

Фарзандони азизу меҳрубон!

Ҳар сол санаи 1-уми июн чун Рӯзи байналмилалии муҳофизати  кӯдакон ботантана таҷлил карда мешавад. Ин иқдом соли 1949 дар шаҳри Маскав дар иҷлосияи Шӯрои Федератсияи демократии байнал-халқии занон тибқи қарори Конгресси дуюми он поягузорӣ шуда буд. Ҳадафи он сафарбаркунии афкори ҷамъиятии ҷаҳон ба муҳофизати бачагон аз хатари ҷанг, таваҷҷӯҳ ба нигаҳдории тандурустӣ ва тарбияю таълими онҳо буд.

Дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба щамхорию парасторӣ ва таваҷҷӯҳи хосса фаро гирифта шудаанд. Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.

Аз Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд: «Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда шароит фароҳам оварем».

Ин дастур ва сиёсати давлат ҳар яки моро водор мекунад, ки ба ҳаёту фаъолияти созандагони фаъоли ҷомеаи ояндаи кишвар мунтазам таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки бачагон солиму бардам ба воя расанд, соҳиби донишҳои амиқ бошанд, бо арзишҳои волои миллӣ ифтихор кунанд, дар қалби саршори меҳру муҳаббаташон эҳсоси ватандорию худшиносӣ ҷӯш занад.

Соли равон аз ҷониби Сарвари мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода қабул ва тақдими ҳадяҳо барои ҳазорҳо нафар кӯдакон ифодаи равшани таваҷҷӯҳи сидқидилона ва доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мебошад.

Сардори давлат борҳо дар баромадҳояшон изҳор доштаанд, ки «Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбон муроҷиат карда изҳор менамоям, ки Шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам». Шаҳодати воқеияти ин суханони пурмеҳр ҳаёти озоду ободи имрӯзи мост.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша ба оилаҳои камбизоат ва кӯдакон, махсусан ба кӯдакони ниёзманду бепарастор щамхории муттасилро дар мадди назари аввал мегузорад.

Дар шаҳр бунёди кӯдакистони инноватсионӣ барои 700 нафар бо суръат идома дошта, барои таъмиру тармими кӯдакистонҳои дигар, таъмини тарбиятгирандагон бо хӯроки серщизо, ташкили истироҳатгоҳҳои бачагона тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Умед дорем, ки кӯдакони баландиқболи мо айёми кӯдакии худро хушҳолона мегузаронанд, тансиҳату солим ба воя мерасанд, роҳи пуршони волидайни худро идома медиҳанд.

Ба номбардорони миллат, кӯдакони хушрӯз олами афсонавии орзуҳо, рӯзгори хурраму босаодатро таманно менамоям.

 

Ид муборак, кӯдакони маъсуму азиз!

 

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                                                                                     Раҷаббой Каримов