27 Апрел 2016
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода доири иҷроиши барномаи номбурда аз сардори идораи молияи шаҳр Абдусалом Бобоҷонов, мудири маориф Илҳом Султонов ва мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов пурсиш ба амал оварда таъқид намуд, ки иҷроиши саривақтии бандҳои ин стратегия ва сифати он аз сохторҳои зикргардида низ вобаста аст.
Ба масъулини соҳаи тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳр супориш дода шуд, ки барои таъмини тамоми ин муассисаҳо ба дастгоҳи муосири ташхиси ултрасадои (УЗИ) дар соли равон ва ҷоннок намудани корҳои маърифатии тарзи ҳаёти салим, бозбинии воҳидҳои кории табибони оилавӣ тадбирҳо андешанд.
Инчунин аз рӯи масъалаи номбурда вакилон Раҳимова Муясар, Ашўрова Зулфия ва Одинаев Алиҷон андешаҳои худро баён намуданд. дода мешавад.
Аз рӯи масъалаи дуюми рўзнома «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд «Оид ба масъалаҳои пешгирии хушунат дар оила»» дар назди ҳозирон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Суғдиён, №31 Муинова Матлуба баромад намуд.
Вакилони ҷаласа ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Қорираҳмат Қурбонов, №4 Зоидов Зокирро оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ шунида қарори дахлдор қабул намуданд.
Ба баррасси вакилон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2016, №660 «Дар бораи аз вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод намудани Раҷаббой Аҳмадзода ва дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати номбурда чун вакил аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19, бинобар ба кори дигар гузаштанаш пешниҳод гардид. Маҷлиси вакилон доири ин масъалаҳо қарори дахлдор қабул намуда ҳайати комиссияи интихоботиро барои баргузории интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд иборат аз 11 нафар тасдиқ намуданд.
Барои баррасии масъалаи ҳаштуми рўзномаи Маҷлиси вакилони халқ оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, котиби комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофии шаҳри Хуҷанд Ҷўраева Кибриё иттилоъ дод, ки тибқи муроҷиати сокинони яке аз кӯчаи навбунёди маҳаллаи “Чашмаи арзана”, ки то ин вақт номи худро надошт, комиссия ба номи “25 солагии Истиқлолият” гузоштани ин пешниҳод омода намудааст. Вакилон якдилона барои тасдиқи ин пешниҳод овоз доданд.
Дар ин замина вакилон якчанд қарорҳои Раиси шаҳрро низ тасдиқ намуданд.
Доири мавзӯҳои баррасигашта сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ваҳобзода Абдусалом Абдуқодир баромад намуд.
Баъди анҷоми кори иҷлосия иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода дар назди ҳозирон доири иҷроиши якчанд қарорҳои дахлдори самти ободонӣ ва гулзоркунии маҳаллаҳо, фаъолияти пурсамари кумитаҳои маҳаллаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.