(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Семинари омӯзиш: Тарзи бастани шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомот семинари омӯзишӣ барои соҳибкорони хурду миёна доир шуд.

Дар он роҳбарони муассисаю ташкилотҳои мухталиф, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, иштирок карданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ мудири бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шарифҷон Аҳмадов оғоз бахшид.

Назди ҳозирин раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят Абдураҳмон Ҳусейнов, сармутахассиси Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Абдуфаттоҳ Абдуҷабборов, мутахассиси пешбари ҳамин раёсат Муҳиддинҷон Ёқубов ва нозири самти ҳуқуқи Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи савдо, кооперативи матлубот ва дигар намудҳои шуғли вилояти Суғд Абдумаҷид Семинари омӯзиш: Тарзи бастани шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣЗокиров сухан карда, дар хусуси вазифаю ӯҳдадориҳои соҳибкор дар самти ташкили ҷойҳои корӣ, ҳамчун корфармо муҳайё сохтани шароити мусоид ба корманд, тарзи ташкили меҳнат, тартиби рӯзи кор, пардохти саривақтии музди меҳнат, интизоми меҳнат, кафолатҳои додани рӯзҳои истироҳат ва соле як маротиба иҷозати рухсати меҳнатӣ ва роҳҳои бастани шартномаи меҳнатӣ бо кормандон ва шартномаи коллективӣ байни Кумитаи иттифоқи касаба ва роҳбарияти муассиса дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.

Сипас, гуфтугӯи самимиву ошкоро байни мутахассисон ва соҳибкорон доир ба муаммоҳои ҷойдошта дар самти соҳибкорӣ ҷараён гирифт.

Семинари омӯзишӣ таконе буд, баҳри боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ дар шаҳри Хуҷанд.