(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сафари корӣ: Таваҷҷӯҳи рӯзафзун ба корхонаҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов мунтазам бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бохабар шудан аз муаммоҳои онҳо сафари корӣ анҷом медиҳад.

Сафари навбатӣ ба корхонаи аъмоён, ки дар маҳаллаи 27-ум воқест, ба вуқӯъ пайваст. Раиси шаҳр аз сехҳои коргоҳ дидан намуда, бо коргарон сӯҳбати судманд орост. Ба сифати маҳсулоти истеҳсолкардаашон баҳои баланд дода, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нави меҳнатӣ даъват кард.

Феълан дар корхонаи мазкур 63 нафар коргарон бо сарварии Равшан Ҷӯраев фаъолият доранд. Аз ин теъдод 32 нафарашон бонувон мебошанд.

Корхонаи аъмоён асосан сарпӯшҳо барои зарфҳои шишагин, лавозимоти рӯзгор (прищепка) ва варақаҳои (бланкаҳои) гуногун барои корҳои мусоҳибӣ истеҳсол менамояд. Дар бозори дохилӣ талабот ба маҳсулоти онҳо торафт меафзояд, зеро он босифат ва пурбардошт мебошад.

Дар сафари корӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримовро мудири шӯъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Абдураҳим Солиев ҳамроҳӣ намуд.