(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шаҳри Хуҷанд соҳиби боз 19 нақлиёти партовкашонӣ мегардад.Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давоми чанд сол аст, ки дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади беҳтар намудани таъминоти сокинон бо оби нӯшокӣ ва сифати хизматрасонии идораи партовкашонӣ лоиҳаи Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо амалӣ мегардад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари Намояндагии Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо дар Тоҷикистон Ричард Ҷонсонро ба ҳузур пазируфт.
Ричард Ҷонсон бобати дар сатҳи лозимӣ амалӣ гаштани лоиҳаҳои дар шаҳри Хуҷанд амалишаванда изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд,ки айни замон марҳилаи якуми лоиҳаи беҳтар намудани сифати хизматрасонии КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ” ба интиҳо расида, нимаи якуми соли ҷорӣ оғози марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур пешбинӣ гаштааст. Тибқи он сохтмони партовгоҳи нав идома ёфта, коргоҳи хурд бо насби таҷҳизоти муосири ҷудо намудани навъи партов мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ҳамчунин барои сари вақт ҷамъ намудани партови аҳолӣ дар соҳили чапи шаҳр гузоштани 100  қутти партов, харидории боз 19 нақлиёти партовкашонӣ ва гузоштани қуттиҳои партови ғунҷоишашон 18 кубӣ дар корхонаю ташкилотҳо пешбинӣ гаштааст. Дар марҳилаи дуюми лоиҳа барои таъмири нақлиёти ин муассиса шароит фароҳам омада, бо ин мақсад таҷҳизот нави таъмири нақлиётҳои партовкашонӣ ворид мегардад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори умедворӣ намуд, ки ҳоло барои сифатан иҷро гаштани лоиҳа Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми  имкониятҳоро фароҳам оварда  минбаъд низ барои иҷроиши шартномаи ҳамкорӣ тамоми тадбирҳоро меандешад.