(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Табрики Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи ҷавонони ТоҷикистонҶавонони арҷманд!

Бо ҳисси қаноатмандӣ ва ифтихори бепоён Шумо ворисони арзандаи насли шуҷою қаҳрамонро бо фарорасии иди пурфайз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрик мегӯям. Бароятон саодатмандӣ, нерӯи тозаи созандагӣ ва сарбаландиҳо таманно мекунам.

Таҷлили ин санаи фархунда шукӯҳу даврони ширини зиндагиро собит намуда, насли ояндасози ҷамъиятро ба эҷодкориҳои  нав ба нав ҳидоят месозад. Баргузории чунин тантанаи хотирмон, ки бо ибтикор ва ташаббуси Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар чунин фасли зебои сол сурат мегирад, шаҳодати эътибори Сардори давлатамон ва кулли ҷомеа нисбат ба ҷавонон, нерӯи эҷодгар ва созандаву бунёдкори онҳост.

Дар доираи омодагӣ ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари вилоятамон, бахусус шаҳри Хуҷанд гузаронида шудани чорабиниҳои мухталифи маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, мулоқотҳои судманд, эътимоди қавии насли ҷавонро ба ҳадаф ва ниятҳои роҳбарияти вилоят, шахсан ба Раиси вилоятамон, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода боз ҳам қавитар гардонд.

Боиси тазаккур аст, ки дар пешбурди тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ нақши ҷавонон ҳамеша назаррас мебошад. Ҳазорон нафари онҳо ба фатҳи қуллаҳои баланди дониш муваффақ гардидаанд. Онҳо ҳамчун ворисони арзандаи аҷдоди шарафманд ба камол расида, даҳҳо ҳазори дигарашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нафъи Ватан ва ҷомеа содиқона меҳнат мекунанд.

Бори дигар Шумо, ҷавонони азизро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик мегӯям. Хоҳони онам, ки ҳамеша сарбаланду комрон бошед.

Идатон муборак бод!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                                                                                                     Раҷаббой Каримов