(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи варзишии наврасон бо натиҷаҳои хуб ҷамбаст гардид.Ҷиҳати иҷроиши дастури Раиси шаҳри Хуҷанд ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», мусобиқаи шаҳрии Хуҷанд оид ба варзиши сабук байни наврасони солҳои таваллудашон 1999-2000 ва 2001 бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии варзишӣ 350 нафар наврасон аз мактабҳои варзишӣ миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияиҳои маркази вилоят иштирок намуданд.
Дар мусобиқа қувваозмоӣ аз рӯи давидани писарон ба масофаи 100м, 400м, 3000м, 60м бо монеаҳо ва давидани духтарон ба масофаи 100м, 400м, 1500м, 60м бо монеаҳо сурат гирифт. Дар натиҷа варзишгарони наврас маҳорати хубро намоиш доданд. Дар ниҳояти мусобиқа ғолибон бо медал ва Ифтихорномаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд.