(2 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Табрики Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи  байналхалқии  оилаҲамдиёрони арҷманд!

Фарорасии Рӯзи байналхалқии оиларо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба якояки Шумо таҳният хонда, хоҳони оромиву ободии сарзамини соҳибихтиёр, осудагии рӯзгори шаҳрвандон ва устувории бинои оила ҳастем.

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя ва пуштибонӣ мекунад».

Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд: «Солимии ҷомеаро аз тарбияи насли солим бояд донист, ки асоси онро оила мегузорад».

Қабули Барномаҳои давлатӣ оид ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, бахусус, оила шаҳодати ғамхории рӯзафзуни давлат ва ҳукумат нисбат ба аҳли ҷамъият маҳсуб мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷрои саривақтии ин барномаҳоро дар мадди назар гузоштааст.

Дар моддаи якуми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Оила, никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.

Қонуни оила ба зарурати таҳкими оила ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила асос меёбад.»

Оиларо меҳвари ҷамъият меноманд, ки беҳуда нест. Зеро, ҷомеа аз оила сарчашма мегирад. Агар дар оила пайванди маънавӣ вуҷуд надошта бошад, пас чунин пайвандро дар ҷомеа дарёфтан аз имкон берун аст.

Ба таманнои саодати зиндагӣ ва устувории бинои оила бори дигар Шуморо бо Рӯзи байналхалқии оила таҳният менамоям.

Бигзор ҳар хонадон аз муҳаббати оилавӣ равшан ва пурҳарорат бошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                                                               Раҷаббой  Каримов