(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Таҷлил: Устоди покдоману покниҳодДар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори солгарди 70-умини мавлуди Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди кафедраи адабиёти муосири тоҷик, дотсент Мавлудахон Файзуллоева баргузор гардид.

Дар он ҳамкорону ҳамкасбон, шогирдону пайвандони соҳибҷашн ҳузур доштанд.

Ректори ДДХ ба номи академик Б.Fафуров дотсент Fафурҷон Усмонов зимни сухани ифтитоҳӣ қайд кард, ки М.Файзуллоева модари маънавии тамоми устодону шогирдони ин махзани бузурги илму маърифат маҳсуб мешавад.

Мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раъно Бобоҷонова номаи муборакбодии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзодаро ба самъи соҳибҷашн ва аҳли нишаст расонд.

Таҷлил: Устоди покдоману покниҳодДекани факултети филологияи тоҷик, дотсент Шарифҷон Тоҷибоев чун омӯзгори хушкор ва муҳаққиқи адабиёти кӯдакон эътироф гардидани муаллимаро собит намуд.

Доктори улуми филология, профессор Атахон Сайфуллоев давраи таълиф ва дифои рисолаи номзадии М.Файзуллоева, ки ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омада буд, ба хотир оварда, қайд кард, соли 1993 таҳти роҳбарии академик Раҷаб Амонов дар Шӯрои дисертатсионии Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакии АИ Тоҷикистон тадқиқоти хешро сарбаландона дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои филология гардид.

Раиси бонувони донишгоҳ, дотсент Зулфия Раҷабова низ заҳматҳои бисёрсолаи муаллимаро ёдовар гашта, зани фазилатпеша буданашро бо мисолҳои мушаххас собит намуд.

Таҷлил: Устоди покдоману покниҳодҲамин тавр, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, профессор Неъматҷон Файзуллоев, профессор Усмонҷон Fаффоров, намояндаи кумиҷроияи ҲХДТ дар вилоят Сарфароз Юнусов, фаъолзани вилоят Шуҷоат Ҳасанова, фарзанди соҳибҷашн Сироҷиддин Файзуллоев ва дигарон меҳрномаи хешро бо нақли лаҳазоти ҷолиб ба М.Файзуллоева расониданд.

Дар фарҷом устоди арҷманд Мавлудахон Файзуллоева сухан карда, барои чунин қадршиносӣ ба МИҲД-и вилоят ва шаҳр, роҳбарияти донишгоҳ, кулли дӯстону ҳамкорон, шогирдону пайвандон арзи сипос намуд.