(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фурӯши маҳсулоти арзон дар «Регистон»

Имрӯз дар майдони «Регистон»- мавзеи Панҷшанбеи маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии деҳқонону кишоварзони ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ярмаркаи мазкур, ки он дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади дастрасии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба маҳсулоти кишоварзиву маводӣ ғизоӣ ташкил шуд, кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят маҳсулоти гуногуни хешро аз қабили биринҷ, картошка, харбузаву тарбуз, ангур, карам, сабзӣ ва дигар навъҳои сабзавоту меваҷотро бо нархҳои аз 30 то 40 фоиз арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони маркази вилоят намуданд.
Бо мақсади ошнои бо вазъу шароити баргузории ин намоиш-фурӯш ва нархи маҳсулоти пешкаши мардумгашта муовини Раиси вилояти Суғд Сулаймон Зиёев ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин намоиш-фурӯш дидан намуданд. Дар ярмарка ҳамзамон ҷамъияти матлуботи вилоят, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти ниёзи аввалияро ба фурӯш гузоштанд.
Гуфтанист, ки соли равон аз ҷониби роҳбарияти вилоят барои дастгирии деҳқонону кишоварзони вилоят имкон фароҳам оварда шуд, ки маҳсулоташонро бевосита дар Регистони овозадори Панҷшанбе ба фурӯш гузошта, дар таъмини сокинон бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас гузоранд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, ҳадафи аслии баргузории чунин ярмарка ин коҳиш додани нарху наво дар бозор, қонеъ кардани этиёҷоти сокинон дар арафаи Иди Қурбон ва пешгирии болоравии нархҳо ба ҳисоб меравад. Дар ярамарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 300 тонна маҳсулот ба фурӯш гузошта шуд.