(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Қадршиносӣ: МУКОФОТПУЛӢ  ДАСТРАС  ШУДБа ифтихори 68-умин солгарди Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарори Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ашхоси дар ақибгоҳ хидматкарда мукофотпулии яквақта ҷудо ва дастрас гардид.

Ба ин хотир, субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади собиқадорони ҷангу меҳнат доир гашт.

 

Қадршиносӣ: МУКОФОТПУЛӢ  ДАСТРАС  ШУДНамояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Сумангул Тағоева назди ҳозирин сухан карда, Паёми табрики Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҷамъомадагон расонд ва мукофотпулии Сардори давлатро ба андозаи 800 сомонӣ ба 50 нафар иштирокдорону маъюбони ҶБВ ва оилаи иштирокчиёне, ки давоми як соли охир фавтидаанд, тақдим намуд.

Муборакбодӣ ва мукофотпулии Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзодаро Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Бобоҷонова расонида, ба 38 нафар иштирокдорони ҶБВ ба маблағи 300 сомонӣ ва ба 20 нафар дорандагони медали Қадршиносӣ: МУКОФОТПУЛӢ  ДАСТРАС  ШУД«Барои меҳнати шоён» дар солҳои ҶБВ (ақибгоҳ) ба андозаи 250 сомонӣ дастрас кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов низ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳозиринро табрик гуфта, ба 38 нафар иштирокчиёни ҶБВ ба андозаи 150 сомонӣ ва ба 20 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ ба маблағи 100 сомонӣ мукофотпулӣ супорид.

Собиқадорони ҷангу меҳнат бо шукргузорӣ аз қадршиносии ҷонбозиҳояшон дар солҳои ҶБВ ва заҳматҳои софдилона, сипоси хешро ба Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов баён карда, даст ба дуои нек бардоштанд, то дар Ватани азизамон доимо сулҳу оромӣ ҳукмфармо ва шаҳрвандон хонаободу сиҳатманд бошанд.