(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Таҷлил: Намунаи ҷомеаДар асоси қарори Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ҷашни 80-солагии зодрӯзи духтури шоистаи Тоҷикистон ва ташкилотчии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ Мирзосангин Қутфиддиновро таҷлил карда шуд. Ба ҳамин муносибат дар толори маҷлисии Беморхонаи клиникавиии вилоят ҷамъомади дӯстону пайвандон доир гардид. Номаи табрикии Сарвари вилоят Қоҳир Расулзодаро муовини Раиси вилоят Мавҷуда Бобоева ба самъи соҳибҷашн ва аҳли нишаст расонд. Таъкид гардид, ки шӯъбаи нигаҳдории тандурустии Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод донишу ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, соли 1967 сардухтури беморхонаи клиникавии вилоятӣ тайин намуд ва фаъолити ӯ 25 сол ба ин ҳайс давом кард. Бо ташаббуси ӯ лоиҳаи беморхонаи ҳозиразамонаи вилоятӣ кашида шуда, соли 1982 бинои нави беморхонаи клиникавии вилоятӣ барои беш аз 1000 нафар беморон сохта шуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов зиндагиномаи Мирзосангин Қутфиддиновро барои насли имрӯз, бахусус ҷавонон намунаи ибрат номид. Хизматҳои шоёни соҳибҷашн, гуфт Р.Каримов, аз ҷониби Ватан бо унвони «Духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ордени «Шараф», медали «Барои меҳнати шоён», нишонҳои «Аълочии нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон», «Собиқадори меҳнат» қадрдонӣ гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун аломати эҳтиром нисбат ба ин шахси мӯътабар, Беморхонаи клиникавии вилояти Суғдро ба номи устод Мирзосангин Қутфиддинов гузошт. Дар охири баромадаш Раиси шаҳр хушхабари ба М.Қутфид-динов додани унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд»-ро ба самъи ҳозирин расонд. Ҳамзамон, узви доимии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, сардухтури беморхонаи вилоятӣ Фазлиддин Шарифов ва дигарон суханони меҳр гуфтанд.