(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар шаҳри Хуҷанд ва умуман вилояти Суғд бештар ба қонунвайронкуниҳо роҳ дода, қонунҳо ва талаботи мавҷударо риоя накарда истодааст. Чунончӣ, ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе дар бинои бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд шумораи зиёди занҳо, аз 80 то 150 нафар ҷамъ гардида, дар зери ниқоби гирифтани дарси арабӣ ба мавлудхонӣ ва амри маъруф машғул мешаванд. Ин ҷамъомадҳо асосан дар таҳхонаи бинои ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд сурат мегиранд, ки чор тарафи таҳхона деворбанд буда, ҳатто, ягон тиреза надорад. Яъне, шароитҳои санитарӣ умуман ба эътибор гирифта нашудааст. Шумораи зиёди кӯдакон дар дасти модарҳояшон ва ноболиғон-хонандагони мактабҳои миёна низ мушоҳида мешаванд. Яъне, дар сурате, ки як нафар иштирокчӣ бемор бошад, пас вируси ӯ метавонад ҳамаи иштироккунандагони дигарро ба бемориҳои вазнин мубтало гардонад. Ҳол он, ки дар дини Ислом тозагӣ ва шароити хуби зисту таҳсил дар ҷойи аввал меистад. 
Роҳбарони бахши шаҳрӣ ва вилоятии ҲНИТ бевосита шоҳиди чунин ҳолатҳои ногувор шуда, барои беҳбудии вазъият ва пешравии кор ягон чора намеандешанд. Баръакс, дар зери ниқоби омӯхтани дарси забони арабӣ ва истифодаи бемайлони дини Ислом ҳизби худро ташвиқу тарғиб намуда, аз ҳисоби занҳо ва ҷавондухтарон мехоҳанд аъзои худро зиёд намоянд. 
Умуман ба андешаи мо, ҲНИТ бояд калимаи исломро аз номи ҳизбаш гирад ва мардумро маҳз дар зери ниқоби ҳамин калима гумроҳ насозад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро риоя намояд, ҳуқуқҳои шаҳрвандон, аз ҷумла занонро поймол накунад.

Қурбони  Далер,                        рӯзноманигори мустақил