(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

 

Варзиш: Бохти дастаи «Равшан»  -  «Ал-Шорта»     1  :  3Дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бозии навбатии футбол барои дарёфти Ҷоми AFC - Конфедератсияи  футболи Осиё байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ал-Шорта»-и  Сурия баргузор гардид. Дар он вазифаи довари марказиро Сухбир Синх (Сингапур) ба ҷо овард. Дар дақиқаи 14-уми бозӣ бозингари дастаи «Ал-Шорта» таҳти рақами 33 Муҳаммад Ал Воҳид ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 27 бошад, голи дуюми дастаи «Ал-Шорта»-ро бозингар таҳти рақами 55 Аҳмад Каласӣ зад. Дар дақиқаи 42-юми қисми аввал бозингари дастаи «Равшан»-и Кӯлоб таҳти рақами 11 Давронҷон Тӯхтасунов ҳисоби бозиро тағйир дод ва бо ҳамин қисми аввал бо ҳисоби 1 : 2 ба анҷом расид. Дар қисми дуюми бозӣ, дақиқаи 58-ум голи сеюми дастаи «Ал-Шорта»-ро бозингари дастаи меҳмонон таҳти рақами 10 Аммар Закоур зад. Ва бо ҳамин бозии гурӯҳи «Д» байни дастаҳои «Равшан» ва «Ал-Шорта» бо ҳисоби 1 : 3 ба фоидаи дастаи «Ал-Шорта» ба анҷом расид.

Пас аз анҷоми бозӣ нишасти матбуотӣ барои рӯзноманигорони хориҷиву ватанӣ доир гардид. Сармуррабиёни дастаҳо Fайраталӣ Мирраҳматов («Равшан»-и Кӯлоб) ва Ваил Акил (менеҷменти «Ал-Шорта»-и Сурия) андешаҳояшонро доир ба бозӣ баён намуданд.