(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Наврасони се бинои баландошёна соҳиби майдончаи варзишӣ шуданд.Сокинони се бинои баландошёнаи маҳаллаи «Темурмалик», соҳиби майдончаи варзишӣ шуданд.
Ба ин муносибат дар назди биноҳои № 53 ва № 54 маҳаллаи номбурда ҳамоиши бо тантанаи сокинону меҳмонон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
«Кушода шудани ин майдончаи варзишӣ иҷроиши яке аз нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо этимод дорем, ки ин ғамхории сарвари давлат барои насли имрӯзу фардо таҳкимбахши ояндаи нек аст.» зикр намуд дар мулоқоти худ бо сокинони маҳалла Раиси шаҳри Хучанд. Лозим ба қайд аст,ки барои сохтмони майдончаи варзишӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ 20 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардида, барои сари вақт ба анҷом расондани он сокинон низ тариқи ҳашар кӯмаки худро расонданд.
Минбаъд кӯдакону наврасони маҳалла имкон доранд дар назди манзили истиқоматии худ, зери назорати волидайн ба намудҳои гуногуни варзиш ва обутоби бадан машғул гарданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз иҷроиши сифати корҳои ба анҷомрасидаи изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур дод,ки минбаъд барои боз ҳам беҳтар намудани имконияти майдончаи мазкур ва ҳамвор намудани майдони бозиҳои варзишӣ чораҳо андешанд.
Ҳамчунин ҳангоми мулоқот Раиси шаҳр аз сокинон даъват намуд, ки бобати обод намудани маҳалли худ, риоя намудани тозагӣ ва маърифати шаҳрдорӣ хамеша кушиш намоянд.
Сокинон ба хусус  волидайни кӯдакону наврасон аз ғамхории пайваста ва фароҳам овардани чунин шароити хуб барои фарзандонашон ба давлату ҳукумат изҳори сипосмандӣ намуданд.