(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Маҳфили «Ганҷи сухан»: Ганҷи  бештари  суханДар факултети рассомӣ-графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров маҳфили  навбатии  «Ганҷи сухан» бахшида ба 135-солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва 60-солагии Раиси шӯъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилоят Аҳмадҷони Раҳматзод  баргузор гардид.

Сараввал муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов сухан кард. Бо баробари ширкати ҳамаи устодони факултетҳои ДДХ чанд адибон низ иштирок намуданд. Номзади илмҳои филология, дотсент Нурулло Fиёсов дар бораи навгониҳо илму адаб баромад намуд.

Ҳамунин, профессор Атахон Сайфуллоев нуктаҳои муҳимро дар бораи устод Айнӣ қайд карда гузашт.  Суруду навоҳои классикӣ аз ҷониби ҳофизони шинохта Абдумавлон Дадобоев ва Муҳиддин Fозиев ҳозиринро рӯҳбаланд ғизои маънавӣ бахшид.

Дар ҷараёни маҳфил Раиси шӯъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилоят Аҳмадҷони Раҳматзод аз шеърҳои ноби худ баҳри дӯстдорони илму адаб қироат кард. Донишҷӯён аз эҷодиёти шоири маҳбуб Садриддин Айнӣ шеърҳо хонда, сазовори тӯҳфаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гардиданд.