(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Варзиш гарави саломатӣ ва саломатӣ неъмати бебаҳост. Аз ин лиҳоз, таваҷҷӯҳ ба соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ бештар аз пештар мегардад. Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ҷиҳати рушди ин соҳаи баҳри солимии ҷомеа муҳим эътибори махсус зоҳир карда, пайваста чораву тадбирҳои мушаххас меандешанд, то ҳарчӣ бештар теъдоди зиёди шаҳрвандон бо варзиш машғул шудаву ҳамеша саломат бошанд.

Ин аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру супоришоти роҳбарони ҷумҳурӣ ва вилоят нақшаи  чорабиниҳоро баҳри ташаккули соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни шаҳрвандон, аз оғози соли равон тарҳрезӣ кардаву амалӣ мегардонад.

Ба ҳадафи ҷалби ҳарчӣ бештари сокинони маҳаллаҳои шаҳр ва кормандони корхонаву муассиса, идораву ташкилот ба варзиш чанде қабл дар асоси қарори Раиси шаҳр, Раиси Федератсияи футболи шаҳр ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов эълон гардида буд. Дар он 18 дастаи футболбозон аз маҳаллаҳо ва корхонаву муассисот байни худ давоми 1 моҳ қувваозмоӣ намуданд.

Ба бозии ниҳоӣ (финал) дастаҳои «Раззоқ»-и маҳаллаи Раззоқи шаҳр ва «Рахш»-и бахши Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд роҳхат гирифта, дар варзишгоҳи «Спартак» ба майдони футбол баромаданд. Рафти бозиро дар радифи ҳазорон нафар шаҳрвандон Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов низ тамошо карданд.

Бозӣ аз оғоз то ба анҷом хеле хуб гузашт ва мухлисон аз қувваозмоии дастаҳо қаноатманд шуданд. Вале, бозии дастаи «Рахш» каме бартарӣ дошт ва ҳуҷумҳои пайдарпаи футболбозони даста буд, ки 2 тӯбро вориди дарвозаи ҳарифи худ намуданд.

Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 2 : 0 ба фоидаи дастаи «Рахш» ба итмом расид. Дар вазъияти тантанавӣ Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Раҷаббой Каримов ба ғолиби мусобиқа Ҷоми Раиси шаҳр ва ба ҳар як бозингар медали тиллоро супорид. Ҳамзамон, футболбозони дастаи «Раззоқ» бо медали нуқра, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҷиҳати ҳавасмандкунӣ ва қадршиносӣ ҳамчунин, дарвозабони беҳтарин-Обид Алиев (аз дастаи «Рахш»), муҳофизатгари беҳтарин-Илҳом Содиқов (аз дастаи «Раззоқ»), ниммуҳофизатгари беҳтарин-Азияр Ҳомидов (аз дастаи ДДХ), ҳамлагари беҳтарин-Ҷаҳон Қурбонов (аз дастаи «Рахш») ва бозингари беҳтарини мусобиқаи мазкур-Мирҷамол Fиёсов (аз дастаи «Раззоқ») дониста шуда, барояшон Ифтихорнома, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.