(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Таҷлил: Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣБа ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии ёдгориҳои таърихӣ дар Осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносии вилояти Суғд конфронси илмӣ баргузор гардид. Омири осорхона М.Бойматов ҳозирин, ҳаводорону дӯстдорони ёдгориҳои таърихиро бо ин рӯз муборакбод намуд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тӯтинисо Дадобоева номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Қоҳир Расулзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Корманди Раёсати фарҳанги вилоят Моҳинисо Қурбонова низ аҳли нишастро бо таҷлили ин рӯзи фархунда шодбош гуфт.

Маърӯзаи устоди бостоншиноси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, узви Комиссияи ҳифзу эҳёву истифодаи мероси моддии таърихӣ-фарҳангии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидшариф Марофиев дар мавзӯи “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихӣ-фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 ва аҳамияти амалии он” хеле ҷолибу хотирмон буд.

Корманди илмии осорхона И.Турсунов дар мавзӯи “Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ инъикосгари таърихи ниёгон” низ диққати аҳли нишастро ба худ ҷалб намуд, зеро он бо маълумоти илмию нақлҳои ҷолиб фарогир буд.

Зикр гардид, ки ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва муқаддас шуморидани зиёратгоҳҳо қарзи шаҳрвандии ҳар як инсони ватандӯсту хештаншинос маҳсуб мешавад.

Бино ба гуфти мудири шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Қосимов айни ҳол баҳри эҳёи ёдгории меъморӣ, таърихию фарҳангии ҳавлии олими маъруф, мунаҷҷим Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов маблағи 19 ҳазору 900 сомонӣ масраф гардида, барои азнавбарқарорсозии хона ва осорхона дар соли 2012 барои таъмири пурраи он 517 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд зикр кард, Рӯзи муҳофизати ёдгориҳо, ки соли 1954 дар Гаага ба имзо расидааст, тамоми инсонияти ҷаҳонро вазифадор месозад, ки ёдгорию обидаҳои гузаштаро ҳифз намуда, имрӯзаро сохта, ба ояндагон мерос гузорем.