(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон конкурси байналмилалии эчодиёти бачагонаи «Бозторгай», бо иштироки 700 нафар наврасони лаёқатманд аз 6 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова аз рӯи номинатсияи «Иҷроиши мардумӣ» дар дутор сазовори ҷойи 1-ум гардид.

Иштирокчиёни конкурс аз рӯи номинатсияҳои «вокал», «хореография» ва «иҷроиши мардумӣ» ширкат варзиданд.

Севара Шарипова дар конкурс аз худ маҳорати баланди эҷодӣ нишон дода, сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд