(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБаҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати некбинонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва ҷиҳати омода намудани кадрҳои болаёқат дар соҳаҳои муҳталифи кишвар ва роҳбарикунанда дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд курси захираи кадрҳо амал карда, даҳҳо нафар ҷавонон курси мазкурро хатм намуда, кору фаъолияти хешро пеш мебаранд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин курс устодон ва муттахассисони кордону пешқадам, собиқадорону донандагони хуби касби хеш ба шунавандагон дарс медиҳанд.

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имсол низ шуруъ аз моҳи марти соли 2022 карси захираи кадрҳо бо барнома ва мавзӯъҳои сиёсӣ оғоз гардида, 40 нафар шунавандагон аз сохторҳои гуногуни давлатӣ ба он ҷалб карда шуда, тӯли се моҳ дар ин курс дарс омӯхта, онро ба итмом расониданд.

Дар толори хурди кумиҷроияи вилоятӣ маросими супоридани Сертификати хатми курси мазкур доир гардид. Ба хатмкунандагони курси захираи кадрҳо аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ дар вазъияти тантанавӣ Сертификатҳо супорида шуд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш бо боварии қавӣ нисбати ҷавонони саодатманди диёр чунин таъкид кардаанд: “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд ва аз ин рӯ, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.

Дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат ҳамеша ҷавононро қувваи бузург ва ояндаи миллат ҳисобида, дар ҳама мавридҳо ин қишри ояндасози ҷомеаро дастгириву пуштибонӣ мекунанд.

Воқеан, ҳам масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ қарор дода мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад.

Ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии фаъолияти эҷодии онҳо ва муттаҳид сохтани ҷавонон дар татбиқи барномаҳои инноватсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд