(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБаъди пахши навори муносибати дағалонаи ронандаи хатсайри №33-и шаҳри Хуҷанд («Ёва-микроноҳияи 34) дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки субҳи имрўз сурат гирифт, боиси нигаронии мардум гардид, аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд фавран мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар кӯтоҳтарин фурсат шахсияти ронанда муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Бо супориши прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура ва милитсияи шаҳр гуруҳи фаврӣ таъсис ва шахсияти ронанда муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Муайян гардид, ки сокини шаҳри Хуҷанд, Мирзонабӣ Неъматов, соли таваллудаш 20.01.1968., ронандаи микроавтобуси тамғаи “Мерседес Спринтер” рақами давлатиаш 75 67 ТТ 02 РТ, ки дар хатсайри №33-и ҶСШК «Сорбон»-и шаҳри Хуҷанд зиёда аз 20 сол инҷониб бо мусофиркашонӣ машғул мебошад, санаи 30.11.2021 тахминан соати 14:30 дақиқа ҳангоми мусофиркашонӣ дар истгоҳи ҳудуди автовокзали маҳаллаи “Пахтакор” нисбати мусофири микроавтобусаш, ки хонандаи яке муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд буд, дағалона муносибат карда, нисбати ноболиғ суханҳои қабеҳ гуфта, шаъну эътиборашро паст намуда, ҳуқуқҳояшро поймол карда, одобу маданияти шаҳрдориро риоя накарда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст. Баъди пахши навори кирдораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарм медорад. Ва имрӯз аз кирдори кардааш сахт пушаймон аст.

Тибқи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура ва милитсияи шаҳри Хуҷанд нисбати ронанда Мирзонабӣ Неъматов барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани мавсуф чораҳо андешида шуда истодааст.

Зимни суҳбат ронанда аз амалкарди худ пушаймонии хешро изҳор дошта, таъкид намуд, ки бинобар хасташавии асаб ба чунин амал даст задааст. Аз дигар ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳаргиз чунин кирдорро содир накунанд, зеро ҳар яке амалеро подошест, бахусус агар ҳуқуқи нафари дигареро поймол созанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд