(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулин оид ба раванди механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулин мулоқот баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд машваратро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Айни ҳол гирандагони кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд 4226 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамасола ин рўйихат мавриди таҷдид қарор дода шуда, аз ҷониби комиссияи махсус ҳолати иҷтимоии шаҳрвандон омўхта мешавад.

Сипас дар ҷараёни ҷаласа Имомназар Давлатназаров, сардори шуъбаи мониторинг ва таҳлили соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муслиҳиддин Маҷидов сармутахасиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баромад намуданд.

Машварат бо мубодилаи афкор анҷом ёфт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд