(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори АРТ-Галерияи "Сомониён"-и шаҳри Хуҷанд намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов таҳти унвони "Ин нақш монд аз қаламат ёдгори умр…" баргузор гардид, ки аз маҳсули офаридаҳои ин рассоми моҳир Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мирзофирўз Сулаймонов омўзгор, мусаввир, дизайнер, кандакор ва яке аз ҳайкалтарошони номии шаҳру вилоят буд. Фаъолияти эҷодии Мирзофирўз Сулаймонов бисёрсоҳа буд ва муаллифи силсилаи миниатюраҳо дар мавзуйи «Шоирони классикӣ», «Баҳор», «Наҷоти Юсуф», «Маликаи кўҳсор», «Ғазалиёти Умари Хайём», «Фаслҳои сол», «Озод», «Устод бо шогирдон», «Қадаҳи Хайём мебошад. Дар ороиши якчанд китоби нависандагон ҳиссагузорӣ намудааст. Мавсуф соли 2006 дар корҳои ороишии Осорхонаи этнографии вилояти Суғд «Тахти Ҷамшед», соли 2007 дар корҳои ороишии бўстонсарои шаҳри Гулистон «Панораи Сарчашма», соли 2011 дар кошинкории маҷмааи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат намудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз санъату эҷодиёти волои рассом-оришгар Мирзофирўз Сулаймонов тавсиф намуда, онро намунаи олии пайравӣ ва омўзиш ба насли наврасу ҷавон унвон намуд.

Таъкид шуд, кидар санъати чеҳранигори Мирзофирўз Сулаймонов ба комёбиҳои назаррас низ ноил шудааст. Чеҳраҳои офаридаи ў шахсони касбу кори гуногун буда, симои тасвиршаванда, дунёи ботинӣ, зоҳирӣ ва маънавии ў воқеъбинона нишон дода шудааст. «Симои падар», «Парвинахон», «Симои дўст», «Духтари рассом аз ҷумла намунаи асарҳои чехранигории ўст.

Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷўраев зикр намуд, ки байни рассомон Мирзофирўз Сулаймонов бо сабку хусусият ва диду нигоҳи хос фарқ мекард. Ҳангоми офаридани асарҳо ба фалсафаи он бештар аҳамият медод ва аҳли хонаводааш илҳомбахши ў буданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд