(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!

Дустони гиромӣ!

Боиси ифтихору шодмонист, ки чун анъанаи накӯ ҳамасола санаи 25 сентябр ҳамчун рӯзи шаҳри Хуҷанд, ки оламиён ин шаҳри бостониро бо муҳаббат ва эҳтироми хос Тирози ҷаҳон мехонанду ин шаҳр чун шаҳри бузургони миллат, накўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст ва дар радифи шаҳрҳои маъруфи олам вирди забони ҷаҳони муосир гардидааст, бошукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Басо рамзист, ки соли равон таҷлили ин санаи фархунда ба 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки ин ба ҷашнвораи мо ҳусни тоза ва шукӯҳи хосса зам менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамшаҳриёни азиз ва меҳмонони гиромиқадрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ин санаи фархунда, Рӯзи шаҳри Хуҷанд аз самими қалб табрик ва таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи нек, рўзгори ободу осуда, шодию нишот ва хуррамию шодмонї орзу менамоям.

Таърихи ҳар як шаҳр – ин қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърих ва сарнавишти мардумест, ки онро бунёд намудааст. Шаҳр як сайёраи хурдест, ки воқеаву ҳодисоти ҷаҳони атрофро дар худ таҷассум месозад ва ҳар як шаҳри хурду бузург симои хоси худ, хусусиятҳо ва сифатҳои нодиру нотакрори худро дорад, ки дар маҷмўъ унсурҳо ва саҳифаҳои шарҳи ҳол ва таърихи онро ташкил менамояд. Хуҷандшаҳр низ бо хусусият ва сифатҳои хосу нотакрори худ аз ин истисно нест.

Мавқеи хеле муҳиму стратегии ҷуғрофӣ, шароиту иқлими мусоиди Хуҷанд, ки дар дарвозаи водии файзбори Фарғона ҷойгир шуда, ин водӣ чун марвориди Осиёи Марказӣ шуҳрат дорад, ба шаҳри мо мақому манзалат, баракат ва шуҳати хосса ато намудааст. Манзараҳои зебои кўҳу водӣ, дашту даман, амвоҷ ва оби ҳаётбахши абадан равони Сайҳун, боду ҳавои мусаффо, сарсабзию хуррамӣ, фаровонии меваҳои ширину болаззат ва дигар неъматҳои табиии Хуҷанд онро ба боғшаҳри ҳамешабањор ва сабзу хуррам табдил додааст.

Хуҷанди куҳану бостон вале ҳамешаҷавон дар радифи марказҳои муҳими таърихию фарҳангии тоҷикон – Бухорову Самарқанд, Марву Ҳирот, Нишопур, Ҳисор, Кўлоб, Истаравшан, Панҷакент, Исфараву Конибодом ва ғайра, аз даврони қадим то ба имрўз яке аз гаҳвораҳои илму фарҳанги Осиёи Марказӣ ва олами мутамаддин маҳсуб меёбад.

Дар сарчашмаҳои таърихиву ҷуғрофӣ ва адабӣ, инчунин қайду ёддошти сайёҳон, Хуҷанд чун шаҳри мардуми озоду озода, саховатманд, бомурувват, аҳли илму фарҳанг ва ҳунар зикр ёфтааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо меҳнатдўстӣ, сабру таҳаммул, тамкину бурдбории худ барои тамоми ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихор буданду ҳастанд».

Бояд хотирнишон шуд, ки ба таърихи беш аз 2700 солаи шаҳри Хуҷанд назар афканем, дармеёбем, ки он бо унвонҳои «Тирози ҷаҳон» ва «Арўси дунё», «Беҳҷатмаол», «Мумтози шарқу ғарб» ном баровардааст ва дар асоси сарчашмаҳои бостонӣ хаттӣ ва асотирӣ набераи Каюмарси Одам – Ҳушанг онро асос гузоштааст. Баъдтар дар замони шоҳи каёниӣ Кайқубод ва дар аҳди Дороб, боз ҳам ободу зебо гардидааст.

Дар асрҳои 4–3-и пеш аз милод юнонию мақдуниён баъди забти шаҳрҳои канори дарёи Яксарт яъне Сирдарё Хуҷандро аз нав сохта, ба он Александрия Эсхата, яъне Искандарияи Ақсо ном ниҳодаанд.

Киштзору боғоти шањр аз ду рўдхона – Сайҳун ва Баҳоргон шодоб мешуданд. Муаллифони китобҳои қадимаи таърихии «Ҳудуд-ул-олам», «Сурат-ул-арз», «Мўъҷам-ул-булдон», «Форснома», «Таърихи Систон», «Таърихи ҷаҳонкушо», «Нузҳат-ул-қулуб» ва китобҳои дигар баробари васфи сифатҳои шаҳр ва аҳолии он аз анору зардолу ва биринҷу абрешими аълосифаташ ёд кардаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Хуҷанд бештар бо фарзандони фарзонаи худ – Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Шайх Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҷалил, Зариф Раҷабов, Солеҳ Раҷабов, шоираи тоҷик Фарзона ва садҳо аҳли илму адабаш ифтихор дорад.

Воқеан, таърихи хеле қадиму пурғновати Хуҷандшаҳр ба қаъри асрҳо меравад ва саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он боиси ифтихор ва ибрати насли наврасу ҷавон мегардад.

Бори дигар Рӯзи шаҳри Хуҷанд бароятон муборак бошад!