(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз мавҷи дигарбораи бемории сироятии COVID–19 силсилаи мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, марказҳои савдо, кумитаи маҳаллаҳо ва ғайраҳо баргузор гардид.

Таҳмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд мулоқотро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо вазъи ҷойдоштаи сирояти шиддатноки беморӣ дар давлатҳои минтақа шинос намуд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар кишвари Ҳиндустон бо ҳисоби миёна дар як шабонарўз ба ин беморӣ 366 494 нафар сироят ёфта, аз ин миқдор дар як шаб 4000 нафар фавтида истодаанд. Чунин вазъи нигаронкунанда дар давлатҳои ҳамсояи мо Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ ҷой дорад.

Тахмина Усмонова афзуд, ки ҳарчанд аз оғози сол бемории короновирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд вобаста ба пешгирӣ аз интиқолшавии беморӣ пайваста чораандешӣ карда мешавад.

Кормандони соҳаи тандурустӣ, бахусус духтурони оилавиро зарур аст, ки ўҳдадории вазифаи хешро софдилона иҷро намуда, корҳои пешгирӣ ва тарғиботиро алайҳи ин бемории ҳамагир пўрзўр намоянд.

Диққати раисони маҳаллаҳо ва масъулини соҳаи маорифро баҳри ҳамкории доимӣ бо марказҳои саломатӣ ҷалб намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки дар кору таҳсил шаҳрвандон ҳатман қоидаҳои гигиенаи ҷамъиятиро рияо намоянд.

Зикр гардид, ки ягона роҳи асосии сироят наёфтан ба бемории короновирус эҳтиёткориро пеша намудан аст. Зеро, омили асосии паҳн гаштани ин беморӣ дар миёни ҷомеа сироятёбӣ аз шахси мубталои беморӣ ба инсони солим мебошад. Ин бемории марговар бо роҳи қатраӣ - ҳавоӣ, алоқаи наздик, яъне дасти ҳамдигар фишурдан, оғӯш гирифтан, даст расондан ба ашёву маводе, ки онҳо бо вирус олудаанд ва риоя накардани гигиенаи шахсӣ паҳн мешавад. Аз ин рӯ, роҳҳои асосии пешгирии ин ҳолат риояи гигиенаи шахсӣ, истифода аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пайваста шустани дастон бо собун ва риояи фосила маҳсуб меёбанд.

Тахмина Усмонова изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона, айни ҳол на ҳамаи сокинони шаҳр чунин талаботи ҳатмиро риоя мекунанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо аксар вақт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам бахусус дар бозорҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ба назар мерасад, ки аз беэҳтиётӣ ва нописандӣ дарак медиҳад.

Дар анҷоми мулоқот роҳбарону масъулини дахлдор вазифадор карда шуданд, ки дар самт ҷилавгирӣ аз сирояти бемории короновирус тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд. Мо бояд фаҳмонем, ки хатари бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирусро саҳл нагиранд ва бо саломативу ҳаёт бозӣ накунанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд