(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз дар микроноҳияи 18-уми маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд бо иштироки табиатдўстон, роҳбарияти мақомоти ҳифзи табиати вилоят, кумитаи бехатарии озуқавории вилоят ва сокинони маҳалла мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» марвиди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Мағозаи мазкур бо иқдоми соҳибкорӣ ватанӣ Ҳаким Бобоҷонов бо мақсади тарғиби зебоипарастӣ ва табиатдўстии байни сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд ташкил карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мағоза беш аз 25 намуди парандаҳо, зиёда аз 50 намуди моҳиҳо, 10 намуди гурбаҳо, якчанд намуди хазандаю ҳашароти баҳрӣ бо шароити лозимии нигоҳдорӣ барои тамошо ва фурўш гузошта шудааст.

Парандаю ҳайвоноти ба фурўш гузошта вобаста ба аҳамият ва нодирии худ нархҳои гуногун доранд. Масалан, нархи як сар паранда аз 50 сомонӣ то 20 000 сомонӣ ва ё худ як моҳии аквариумӣ аз 10 сомонӣ то 1000 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Дар мағоза ҳамчунин маводҳои хуриши парандаю ҳайвонот, ки истеҳсолоти дохилӣ ва хориҷӣ мебошанд, ба фурўш гузошта шудааст. Барои нигоҳдории паранда ва ҳайвонот қафасҳои гуногун ва аквариумҳои муосир пешниҳоди харидорон гардидааст. Тамоми таҷҳизоти марбут ба нигоҳдорӣ ва истифодаи олами ҳайвонот дар мағоза вуҷуд дорад.

Меҳмонон ва сокинони шаҳри Хуҷанд аз ташкили мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» истиқболи гарм намуданд, ки он барои зебоипарастӣ, таҳкими дўстдории табиат мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Бояд зикр кард, ки имрўз дар кишвари маҳбуби мо зиёда аз 13 000 намуди олами ҳайвонот, ки аз ин 222 намудаш ҳайвоноти нодир, аз 9700 намуди олами наботот, ки 267 намуди олами набототи нодири ба Китоби сурхи Тоҷикистон ва Китоби сурхи Иттифоқи байналхалқии ҳифзи табиат дохил карда шудааст, вуҷуд дорад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд