(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ном ва кори онхо абадистДар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Fалаба таҳти унвони «Ном ва кори онҳо абадист» бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ вохӯрӣ доир гардид. Чорабиниро директори осорхона Мансурҷон Бойматов оғоз кард.

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Комилҷон Ашӯров, корманди ақибгоҳ дар солҳои Ҷ.Б.В. Мамад Қозиев, сарбози байналмилал Усмонҷон Шерматов аз ҳаёти сарбозии худ дар ҳифзи кишвари маҳбуб нақлҳои ҷолиб намуданд. Киромиддин Атаев аз фазилатҳои неки дорандаи се ордени «Шараф» Пӯлод Атаеви сухан0 кард. Майори қисми ҳарбии 3501 Давлатшоҳ Амиршоев дар хусуси ҷавонони шуҷоъ, ки имрӯз хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд ва давомдиҳандагони анъанаи падару бобоёни хешанд, сухан ронд.

Ном ва кори онхо абадистМуовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд Ҳошим Осимов меҳрубониҳое, ки аз ҷониби Президенти кишвар, Раиси вилоят ва Раиси шаҳр нисбат ба иштирокчиён ва меҳнаткашони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳир менамоянд, ҳарфҳои меҳр ба забон овард.

Толибилмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 27 бо барномаи ҷолиби адабию мусиқӣ чорабиниро боз ҳам шукӯҳманд гардониданд.