Роҳбарони воҳидҳои сохторӣ

(7 овоз, миёна 3.86 аз 5)

Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович

Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали хуҷандии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм кардааст. Аз соли 2010 то 2015 вакили маҷлиси вакилони шаҳраки Бобоҷон Ғафуров буд.
Солҳои 2000-2001 устои қитъаи истеҳсолоти ҶДММ КММ-44-и шаҳри Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2001-2003 дар вазифаи муҳандиси шӯъбаи истеҳсолоти техникии ҶДММ КММ-44-и шаҳри Бобоҷон Ғафуров буд. Солҳои 2004-2005 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи директори ҶДММ КММ-44-и шаҳри Ғафуров фаъолият намуда, солҳои 2005-2011 дар вазифаи директори ҶДММ «Замин»-и шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Соли 2011 ҷонишини раиси ҷамоати шаҳраки Бобоҷон Ғафуров таъин гардида, солҳои 2011-2015 ҳамчун сармуҳандиси идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд адои вазифа намудааст. Солҳои 2015-2016 директори маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд. Аз 22 июли соли 2016 то ҳол сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд таъин гаштааст. Оиладор.

(9 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Бобозода Толиб Карим

Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси муҳандиси мошинаҳои дӯзандагӣ хатм намудааст. Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, аз моҳи майи соли 2011 то соли 2016 ба ҳайси мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Аз 18 майи соли 2016 то моҳи апрели соли 2017 дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аз 13 апрели соли 2017 бо тариқи гузариш ба мансаби мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Бо Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 11 марти соли 2022 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид.
Оиладор соҳиби чор фарзанд.

(30 овоз, миёна 4.20 аз 5)

Ҷамшед Набизода

Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Солҳои 2004 – 2005 ба ҳайси қосиди Суди вилояти Суғд фаъолияти меҳнатии худро оғоз  намудааст. Солҳои 2005 – 2009 вазифаи котиби маҷлиси судии Суди вилояти Суғдро иҷро намудааст.
Аз соли 2009  чун котиби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании вилояти Суғд адои вазифа намудааст.
Фаъолияти меҳнатии ӯ аз соли 2012 дар вазифаи котиби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд идома ёфта, баъдан котиби маҷлиси судии Суди вилояти Суғд буд.
Шурӯъ аз соли 2013 вазифаи ёрдамчии раиси Суди вилояти Суғдро иҷро намуд.
Аз 7 –уми марти соли 2016 бо Амри Раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи сармутахассис - ҳуқуқшиноси  дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд тайин гардид.
Оиладор аст.

(22 овоз, миёна 3.45 аз 5)

Миркамолов Мухсин Насруллоевич

Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1980-1981 дар вазифаи муҳандиси калон оид ба меҳнати Идораи истеҳсолии хоҷагии оби вилояти Суғд оғоз намудааст. Соли 1981 ба вазифаи иқтсодчии калони шуъбаи банақшагирии Идораи истеҳсолии хоҷагии оби вилояти Суғд таъин гардида солҳои 1983-1993 иқтисодчӣ оид ба таъминоти моддӣ- техникӣ ва фурӯши фабрикаи «Паррандапарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд буд.
Солҳои 1993-1997 ба ҳайси сармуҳосиби фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Хуҷанд фаъолият намуд.
Солҳои 1997-2005 муовини сардор ва минбаъд солҳои 2005-2006 дар вазифаи сардори шуъбаи молияи шаҳри Хуҷанд адои вазифа намудааст.
Солҳои 2006-2007 дар вазифаи сардори Идораи молия ва солҳои 2007-2009 дар мансаби сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Фаъолияти минбаъдаи Мӯҳсин Миркамолов солҳои 2009-2014 ба сифати сардори Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд идома ёфта, солҳои 2014-2015 сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд буд.
Аз 9 феврали соли 2015 тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Оиладор.

(13 овоз, миёна 3.77 аз 5)

Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна

Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ–муҳосиб хатм намудааст. Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, аз моҳи апрели соли 2011 то инҷониб ба ҳайси мудири бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад.

(11 овоз, миёна 3.82 аз 5)

Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна

Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ хатм намудааст. Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, аз моҳи апрели соли 2013 то инҷониб ба ҳайси мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...

Хуҷанд дар расм

Хуҷанд дар расм

 

Хуҷанд дар расм Хуҷанд дар расм

Хуҷанд дар расм

 

Хуҷанд дар расм Хуҷанд дар расм

Осорхонаи шаҳри Хуҷанд

 

Осорхонаи шаҳри Хуҷанд Осорхонаи шаҳри Хуҷанд

Хуҷанд дар расм

 

Хуҷанд дар расм Хуҷанд дар расм

Кохи Рӯдаки

 

Кохи Рӯдаки Кохи Рӯдаки